БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ МУАРРИФГАРИ МОСТ!

ҶАЙҲУН.  Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки масъулин ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Аксияи васеъи ҳизбӣ зери шиори “Ливои мост – ливои халқ” бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аксияи мазкур дар роҳравҳо, кӯчаҳои марказии Ҷамоати  шаҳраки Дӯстӣ”  ва дар боғи  фарҳангӣ-фароғатӣ Ҷайҳун доир гардида, ба сокинон аз ҷониби волонтёрон варақаҳои табрикотӣ тақсимот гардид.

Зимни баргузории аксияи мазкур масъулини ҳизбӣ сокинонро бо Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд карданд, ки имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.
Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромонона муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Точикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg