БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қонуни танзим ба хонадони мардуми тоҷик файзу баракат овард

ВАХШ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ да­р ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизб­ии "Матлубот" вобаста ба самтҳои афзалият­ноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ вобаста ба иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" доир кар­да шуд.

Истифодаи дурусти технологияи муосир омили пешравии ҷомеа мебошад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Камоли Хуҷандӣ» тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида ва Исоев Фаррух ширкат варзиданд.

Тарғиби мардум ба рушди ҳунармандӣ ва корҳои хонагӣ

БАЛҶУВОН. Дар деҳаи Мулкони ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳия бо сокинон  оид ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҳизбӣ,  роҳандозии чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” вохӯрӣ доир гардид.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар меҳвари хонишҳои сиёсӣ

Ҷ.БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати таъмини иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Маркази бемориҳои пӯсту зуҳравӣ»-и ноҳия хониши сиёсӣ  доир гардид.

Сокинон аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу харакатҳои иртиҷоӣ огоҳ гардида истодаанд!

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён  дар ростои Соли тақвияти робита бо маҳал дар деҳаи Бофандаи ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия суҳбату вохӯрии ҳизбӣ баргузор намуданд.

Сокинон – эҳёгарӣ ҳунарҳои миллӣ

КӮЛОБ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Нурободи шаҳр бахшида ба сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал доир карда шуд.

Ҳунар сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Сафедоби боло атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  чорабиниро бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ  доир намуданд.

Даъвати ҳизбиён ба корҳои созандагиву ободонӣ

ШАҲРИТУЗ. Дар Беморхонаи №2 -и  деҳаи  Чорбоғи  ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Носирзода Абдукарими Носир хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъҷаллобӣ ҳамчун зуҳуроти хатарзо  ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон   доир гардид.  

Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ мусоидат намуд

А.ҶОМӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Ориёно» бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Самадзода Саёҳат бо занону бонувон вохӯрӣ дар мавзӯъи «Тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон» баргузор гардид.

Таррануми ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Хайробод чорабинӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидо

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg