БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таррануми ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Хайробод чорабинӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов бо сокинон доир гардид.

Дар чорабинӣ тамоми ҳунарҳои мардумии занону бонувони  ҳунарманди деҳа ба намоиш гузошта шуд, ки бининдаро дар ҳайрат гузоштанд. Ҳамчунин чашмрас гардид, ки занону бонувони деҳа бо садои тори тоҷикӣ суруди «Алла»-ро хонда, тифлакеро ба хоби ноз оварданд.

Зимнан кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва Фарҳод Обидов атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муфассал суханронӣ намуда, ҳозиринро қаноатманд карданд ва ба суолҳои онҳо вобаста ба масъалаҳои ба миён гузошташуда, ҷавобҳои амиқ гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg