БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу харакатҳои иртиҷоӣ огоҳ гардида истодаанд!

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён  дар ростои Соли тақвияти робита бо маҳал дар деҳаи Бофандаи ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия суҳбату вохӯрии ҳизбӣ баргузор намуданд. Масъулин зимни вохӯрӣ  бо мардум   вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, моҳият ва гиромидошти Ваҳдати миллӣ,  пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир,  тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарварӣ,  истифода аз захираҳои бойи маънавию  таърихии  миллати тоҷик,  эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва пешгирии паҳнкунии ақидаҳои гуруҳҳои ифротию даҳшатафкан, хусусан ТЭТ ҲНИ андешаронӣ намуданд.

Ҳамчунин зимни вохӯрӣ ба иштирокчиён маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg