БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар меҳвари хонишҳои сиёсӣ

Ҷ.БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати таъмини иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Маркази бемориҳои пӯсту зуҳравӣ»-и ноҳия хониши сиёсӣ  доир гардид.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар назди ҳозирин вобаста ба мавзӯъҳои пешгирии бемориҳои сирояткунанда, пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, бештар огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шаҳрвандони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи баланди худогоҳии миллӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg