
Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Сафедоби боло атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ чорабиниро бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир намуданд.
Масъулин зимни суханронӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, соли 2018 Соли тақвияти робита бо маҳал ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну мариосим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.
Дар охир мутахасиси Ҷамоати деҳоти Шӯрообод Мирмадов Шермад атрофи роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳарф зада, моҳияти онро ба ҷамъомадагон фаҳмонид, ки ба ҳозирин писанд омад.