БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истифодаи дурусти технологияи муосир омили пешравии ҷомеа мебошад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Камоли Хуҷандӣ» тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида ва Исоев Фаррух ширкат варзиданд.

Масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ,  аз ҷумла ташакули фарҳанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти он суханронӣ карда,  қайд намуданд, ки таърихи пайдоиш ва тараққии шабакаи “Internet” зиёда аз 35-солро дар бар мегирад. То миёнаи солҳои хафтодум бисёре аз созмонҳои ҳукуматӣ, тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои кишварҳои мухталиф аллакай ба шабакаи компютерӣ пайваст шуда буданд. Бо пайдоиш ва рушди Интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи замин ва қайҳон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида,  имкониятҳои фаровони Интернетро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намуд.

Ҳарчанд нақш ва аҳамияти интернет барои инсоният бебаҳс аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро ба он водор месозад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg