БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби мардум ба рушди ҳунармандӣ ва корҳои хонагӣ

БАЛҶУВОН. Дар деҳаи Мулкони ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳия бо сокинон  оид ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҳизбӣ,  роҳандозии чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” вохӯрӣ доир гардид.

Қайд кардан зарур аст, ки тарғибу ташфиқ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ дар хона ва ҷалби  занону духтарон ба ҳунару ҳунармандӣ, тарбияи дурусти фарзанд, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тозаву ободсозии гирду атрофи ташкилоту муассиса ва маҳаллаҳои худ  бахшида ба санаҳои ҷашнии дар пешистода андешаронӣ намуда, минбаъд ба нақша гирифта шудааст, ки чунин суҳбату вохӯриҳоро дар байни сокинону кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳия аз тарафи масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон зиёдтар роҳандози гардонида шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg