БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон – эҳёгарӣ ҳунарҳои миллӣ

КӮЛОБ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Нурободи шаҳр бахшида ба сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал доир карда шуд.

Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ҳамоиш кормандони масъули ҳизбӣ қайд доштанд, ки имсол  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълон доштани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори дигар аз пайки нек  ва ватанпарастию меҳандӯстии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Ин иқдоми наҷиби Президенти кишвар пояеро барои боз ҳам пешравию шукуфоии Тоҷикистон устувор намуда, моро водор месозад, ки соҳаи сайёҳиро такмил дода, диққати сайёҳони хориҷиро ба кишвари биҳиштосои хеш ҷалб намоем ва дар баробари ин ҳунарҳои қадимаи ниёгонамонро эҳё намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Дар баробари ин вобаста ба самтҳи афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ миёни сокинон гузаронида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg