БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қонуни танзим ба хонадони мардуми тоҷик файзу баракат овард

ВАХШ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ да­р ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизб­ии "Матлубот" вобаста ба самтҳои афзалият­ноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ вобаста ба иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" доир кар­да шуд.
Нахуст мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳ­исобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ҷалилов ­Исмоил дар назди ҳозирин ба сухан баромад­а, иброз дошт, ки мақсад аз ворид наму­дани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур ҳимо­яи манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишвар, му­соидат барои паст кардани сатҳи камбизоат­ӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷотҳои зиёдатӣ­ ва роҳандозӣ намудани сарфаву сариштакор­ӣ дар шуури сокинони кишвармебошад.

Дигар иштирокдорон оид ба масъалаҳои номбурда андешаронӣ намуда, онҳоро баҳри риояи талаботҳои қонуни мазкур раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg