БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ мусоидат намуд

А.ҶОМӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Ориёно» бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Самадзода Саёҳат бо занону бонувон вохӯрӣ дар мавзӯъи «Тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон» баргузор гардид.

Саёҳат Самадзода зимни суханронӣ оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  тарғиби фарҳангӣ миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корҳои хонагӣ ва ҷалби шахсони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  мебошад, андешаронӣ намуд.

Мавсуф  дар идомаи суҳбат афзуд, ки  Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 аз ғамхориҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба миллати тоҷик буда,  иқдоми ватандӯстонаи Роҳбари давлат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва бекорӣ саҳми назаррас гузошта истодааст.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро месазад ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат сазовор бошем ва насли ҷавонро ба омӯзиши касбу ҳунарҳои марудмӣ  ҷалб  намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg