БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Даъвати ҳизбиён ба корҳои созандагиву ободонӣ

ШАҲРИТУЗ. Дар Беморхонаи №2 -и  деҳаи  Чорбоғи  ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Носирзода Абдукарими Носир хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъҷаллобӣ ҳамчун зуҳуроти хатарзо  ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон   доир гардид.  

Нахуст Носирзода Аббдукарим дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳангӣ миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ,  бештар огоҳонидани мардум аз хавфу  хатарҳои  ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои хонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ва аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи бекоримву  камбизоатӣ,  тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда,  дар идомаи суҳбат мавсуф  моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба ҷамъомадагон фаҳмонида, онҳоро барои дар амамл татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg