ХОВАЛИНГ. Дар суҳбате, ки атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар деҳаи Сафедшаҳраки ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуд, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия Ҷамолиддин Қаюмов ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Хушбахт Яъқубов дар мавзӯъи “Сулҳи тоҷикон бебозгашт аст” баромад карданд.






















