
ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии «Хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемеологӣ» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Назаров Алиҷон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, ёдовар шуд, ки ба хотири сарҷамъиву ваҳдати миллӣ аввалин шиорҳои пур аз меҳр ба Ватан-Тоҷикистони азиз аз забони Сарвари миллат садо додаанд, ки «Мо як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон мебошад!» ва ё «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби ҳамаи мо мебошад” ибрози ақида намуд.
Дар охир иштирокдоронро ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад роҳнамоӣ намуд.