БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сулҳи тоҷикон таҷрибаи нодир аст барои ҷаҳон!

ХОВАЛИНГ. Дар суҳбате, ки атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар деҳаи Сафедшаҳраки ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуд, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия Ҷамолиддин Қаюмов  ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Хушбахт Яъқубов дар мавзӯъи “Сулҳи тоҷикон бебозгашт аст” баромад карданд. Аз ҳисоби ҷамъомадагон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Гулчин Одинаева, сокини деҳа Саттор Мунавваров  баромади телевизионии  яке аз саркардагони ТТЭ ҲНИ Аёмиддин Сатторов “Бозгашт аз ҷаҳаннам”–ро худ сафедкунии риёкорона арзёбӣ намуданд. Гуфтанд, ки гуфтаи  чунин одамон аз кардаашон фарқ мекунад.  Агар онҳо имконият пайдо намоянд, ҳамаи гуфтаҳо ва пушаймониро  яксӯ гузошта, боз аз  пайи хизмати хоҷагони хориҷии худ мешаванд. Зеро онҳо манфиати шахсии худро аз обурӯи миллат, Ватан боло мегузоранд.

Айёмиддин Сатторов ноболиғ нест, ки баъди гузашти вақт ақлаш ба сараш омада,  пушаймон шуда бошад, - гуфт вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Х.Яъқубов.

Ҷамъомадагон ҳамчунин амали террористии дар шоҳроҳи автомобилгарди Кӯлоб – Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Данғара бо дасти душмани давлату миллат М. Кабирӣ рух додаро маҳкум намуда, талаб намуданд, ки шахсони дар ин амал  дастдошта ба ҷавобгарии сахттарини ҷиноятӣ кашида шаванд.

Аҳли маҷлис дар баромадашон иҷрои талаботҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ - ро вазифаи аввалиндараҷа ҳисобиданд.

Намоиши ҳунарии ташкилнамуда сокинон аз он дарак медод, ки мардум дар ҳунару ҳунармандӣ  хеле чирадастанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg