БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъмини амнияти озуқаворӣ ин фаровонии бозору баракати дастархон аст!

ПАНҶ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони  «Таъмини амнияти озуқавории кишвар- вазифаи муқаддаси кишоварзон», ки аз Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Кишоварзӣ» хониши сиёсӣ доир намуданд.

Зикр шуд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат -ҳифзи амнияти озуқворӣ буда, сохторҳои вобаста ба соҳаи кишоварзӣ ва аҳли ҷомеаро лозим аст, ки  дар ин росто ҳиссаи арзандаи худро гузошта,  як қатор корҳои мушаххасро ба анҷом расонанд.

Аз он ҷумла, деҳқононро ба истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдонҳои боғу токзор  ва дар баробари  ин бурдани назорати  сифати маҳсулоти  истеҳсолшаванда, ки солимии аҳли ҷомеа ба он вобаста аст, ҳамчунин таъмини бозорҳои дохилӣ бо меваҳои гуногун ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи истеҳсоли ватанӣ ва ба хориҷи кишвар содир намудани маҳсули заҳмати деҳконон, ки боиси беҳтар гардидани  сатҳи зиндагӣ ва ҳавасмандии онҳо мегардад,  корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро пеш бурдан лозим аст.

Дар идома, раиси ташкилоти ибтидоии «Кишоварзӣ» Одинаев Шералӣ ба сухан баромада, барои пешбури корҳои кишоварзӣ дар соҳаи боғу токзор ва коркарди заминҳои полезӣ тибқи дастурамалҳои тавсиявӣ якчанд маслиҳатҳои муфидро пешниҳод намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg