ВОСЕЪ. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат намудан дар рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои халқӣ ва дар рӯҳияи ифтихори миллӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон дар деҳаи Ҳамидободи ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов чорабинии фарҳангию сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.






















