БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ яке аз ҳадафҳои олии ҲХДТ

А.ҶОМӢ. Дар толори Китобхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳалимов Муҳаммаддовуд бо аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Муҳофизони Ватан» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ Маҳмаддовуд Ҳалимов оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани масъулияти кормандон дар таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ, суботи сиёсиву иҷтимоӣ, сиёсати стратегӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ, самаранок ва оқилона истифода бурдани замин ба хотири таъмини амнияти озуқавории мамлакат, бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирӣ намудани ҷиноятҳои вазнин ва омилҳои ба нашъамандӣ, экстремистиву террористӣ, баланд бардоштани маърифати ахлоқӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии ятимони кулл ва татбиқу иҷрои муқаррароти қонунҳои милили Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда,  аз иштирокдорон баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштанд ба мӯкаддасоти Ватан, риояи талаботи қонунҳои миллӣ  даъват ба амал овард. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg