БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вакил дар назди интихобкунандагон ҳисобот дод

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо сокинони  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии «Ҷайҳун №33» Сабурзода Мирзодавлат, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид ва  муовини раиси ноҳия Абусаломзода Анзурат иштирок доштанд.  Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханрони карда, ҳисоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии «Ҷайҳун №33» Холиқов Хокимҷон баррасӣ гардид.

Дар вохӯрӣ зиёда аз 65 нафар интихобкунандагон фаъолона иштирок дошта, ба вакил саволу дархостҳои хешро пешниҳод намуда,  посухҳои  мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg