БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тағйироти кадрӣ

ШАҲРИТУЗ.  Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз  маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз  аз рӯи 3 масъала даровардани  тағйирот ба ҳайати Раёсати  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз,  озод намудани раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз  ва  интихоб намудани раиси нави Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.

Дар маҷлиси номбруда  муовини раис-роҳбари дастгоҳи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  вилояти Хатлон Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии  ҲХДТ, раиси ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон,  аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», собиқадорони  ҲХДТ,  раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  иштирок доштанд.

Зимнан  Иброҳимзода Неъматулл маҷлисро  ҳусни оғоз бахшида,  мақсади ҷамъомадро ба ҳозирин  фаҳмонид.

Баъдан  Иброҳимзода Неъматулло дар назди ҷамъомадагон  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ  намуд.

Инчунин, дар идомаи маҷлис   бинобар сабаби ба кори дигар гузаштани Носирзода Абдукарим Носир аз вазифаи  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шаҳритуз озод карда шуда, ба ин вазифа Шаропов  Ҳомидҷон  интихоб  гардид.

Ҳамчунин Иброҳимзода Неъматулло  дар ин раванд  оид ба рафти сохтмони бинои маъмурии ҳизбӣ  ҳарф  зада, барои боз ҳам  густариш бахшидани  корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати  муайянкардашуда ба истифода супоридани бинои ҳизбӣ  тавсияҳои судманд дод.

Оймаҳ мадзода Рамазон Алихон –узви КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз, раиси ноҳияи Шаҳритуз ҷиҳати хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ ба хозирин  тавсияҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg