БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

Роҳандозии чорабиниҳои ҳизбӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ПАНҶ.  Чорабинии фарҳангии  маҳаллаи Чашмасори ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ бо намоиши  ҳунарҳои мардумии маҳал оғоз гардид. Ҳунармандони касбӣ маҳсули заҳмати шабонарӯзии худро, ки иборат аз чакану сӯзанӣ, гулӯдузию намадмолӣ, маҳсулотҳои оҳангарӣ, кандакорӣ, табақу қошуқҳои чӯбин, ки аслан моли мардуми тоҷик мебошад, ба маърази тамошо гузошта буданд.

Миллати тоҷик бо Сарвари хирадпешааш ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва сулҳпарвар ба ҷаҳониён муаррифӣ шудааст

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  дар деҳаи Сафедорони ҷамоати деҳоти Озодагон  бо иштироки фаъолону сокинони маҳалла чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо баррасии муҳимтарин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он

НОРАК. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и шаҳри Норак     вохӯрӣ доир гардид.  Дар вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҳизбӣ аз тарафи мудирони шуъбаҳои кор бо занону ҷавонон ва  таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Муслима Ғуриева ва Фирдавс Ғафурзода  баромадҳо карда шуд.

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

Н.ХУСРАВ. Дар  маҳаллаи   Сангобаи  ҷамоати  деҳоти  Наврӯзи  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо иштироки  васеъи  аъзои  ҳизб  ва сокинони  маҳалла  бо  мақсади  сафарбар  намудани  аҳолӣ  ба  корҳои  ободонӣ, рушди  корҳои  хонагӣ, саҳмгузорӣ дар  рушди  сайёҳӣ   ва  ҳунарҳои  мардумӣ, эҳё ва  тарғиби  урфу  одат ва  анъанаҳои  неки  мардумӣ мулоқот  баргузор  гардид.

Фаҳмонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба мардум

МӮЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони Шуғли аҳолии ноҳияи  Муъминобод хониши сиёсӣ доир гардид.

Даъвати сокинон барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ

ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар корхона, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои шаҳри Левакант дар нимсолаи дуюми соли равон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сомон» вохӯрии судманд баргузор гардид.

Иқдомҳои неки Пешвои миллат баҳри пешрафти Ватан ва ба манфиати мардум аст

КУШОНИЁН. Баргузории вохӯрӣ бо мардуми хунарманди  деҳаи Баракати ҷамоати деҳоти Навбаҳор бо иштироки  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара баргузор гардида, дар он мавсуф  оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ – ҷиҳати таҳким бахшидани фарҳангу эҳёи истеъдодҳо

КӮЛОБ. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар деҳаи Лавоваи ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ, аз ҷумла мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Файзуллоев Алишер ва ҷонишини раиси ҷамоати деҳоти Даҳана Сайдаҳмадова Латофат чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.

Ҳунарманд ҳамаҷо арҷманд аст!

ЁВОН. Бо мақсади баргузории чорабинии сиёсию фарҳангӣ гурӯҳи кории  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба деҳаи Қамбарии ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова ташриф овард.  Саҳни баргузории чорабинӣ идона ороста шуда, бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ороиш ёфта буд. Гӯшаи дигареро намоиши ҳунарҳои кадбонугӣ, пазандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шукӯҳи хосса мебахшид.

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” барои боз ҳам ободиву зебогии диёрамон мусоидат намуд

ДӮСТӢ. Дар  доираи баргузории  Аксияи матрғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  бо ташаббуси  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  деҳаи «Гулобод»-и ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл  Ёров Ғиёсиддин ва  иштироки  фаъолонаи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  корҳои ободониву созандагӣ дар оромгоҳи деҳаи Шаҳдрези ҷамоати номбурда баргузор карда шуд.  

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg