БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вакил муроҷиати шаҳрвандонро шунид

КУШОНИЁН. Вакили Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳавзаи интихоботии “Кушониён -27”  Ҷобирзода  Тоҳир Гул  дар Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён қабули   итихобкунандагони худро доир намуд.

Дар қабули вакил зиёда аз 11 нафар шаҳрвандони ноҳияи Кушониён бо аризаи хаттӣ иштирок намуданд, ки мақсад таъмиру тармими бунгоҳҳои тиббӣ, ташкил намудани майдончаҳои варзишӣ,   соҳилмустаҳкакунӣ, замини  наздиҳавлигӣ  ва кӯмаку  дастгирии  маъюбону эҳтиёҷмандон буд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Гул  шаҳрвандонро бо хушнудӣ пазируфта , ҳамзамон қайд кард, ки зери сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум дар асоси имкониятҳои маҳал аз тамоми имконияту захираҳо  барои қонеъ гардонидани дархосту пешниҳодҳо истифода хоҳем кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg