ПАНҶ. Дар партави Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ташкилоти ибтидоии “Арзанда”-и назди Идораи оби шаҳраки Панҷ бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва дигар шахсони даъватӣ хониши сиёсӣ доир гардид.
КӮЛОБ. Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида дар деҳаи Хоҷа-Исҳоқи ҷамоати деҳоти Зиракӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.
ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Вахш бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Комиҷроия»-и ҷамоати шаҳраки Вахш хониши сиёсӣ дар мавзӯъи «Ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ» вохӯрӣ баргузор гардид.
ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
ХОВАЛИНГ. Дар суҳбате, ки бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳамин ҳавзаи интихоботӣ, корманди маркази мубориза ба муқобили бемории сирояткунандаи ВНМО/СПИД дар маҳаллаи Дашти Қавақи ҷамоати деҳоти Ховалинг оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд, дар назди ҳозирин мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия Ш.Набиев оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолият
ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тибқи иҷрои чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев вохӯрӣ гузарониданд.
ФАРХОР. Вохӯрии навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар асоси нақшаи тасдиқгардида вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Нури замин» доир гардид.
ПАНҶ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо ҳайати омӯзгорони муассисаи таълимии №11-и ноҳия хонишини сиёсӣ доир гардид.
НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии «Таъмиргар» хониши сиёсӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Фирдавс Ғафурзода доир гардид.
МӮЪМИНОБОД. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Ғарабдараи ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо сокинони деҳа оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
АЁДАТИ ИШНАЗАРОВА ЛОЛАХОН СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hhdtkhatlon.tj
viloyat@hhdtkhatlon.tj
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12