БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи арзишҳои миллӣ аз вазифаҳои муҳими мост

ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тибқи иҷрои чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев вохӯрӣ гузарониданд.

Зимнан Гадоӣ Сайдалиев дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал,  соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва дар бораи фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.

Инчунин, мавсуф дар идома  дар бораи  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сухан гуфта, иштирокдорон барои  риояи талаботи қонунҳои номбурда ва  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват кард.

Дар охир масъулин аз намоишгоҳи  ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандон ҳунари дастии хешро ба намоиш гузошта буданд, назар карда, барои ташкили чунин чорабинии фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg