БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Даст ба дасти ҳам дода, дар рушду нумуи Ватани азизамон саҳмгузорӣ мекунем!

НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии  Тоҷикистон дар шаҳри Норак дар ташкилоти  ибтидоии «Таъмиргар» хониши сиёсӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Фирдавс Ғафурзода доир гардид. 

Нахуст Фирдавс Ғафурзода дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастуру супоришҳои аз Паём навбатии Пешвои миллат бароянда, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ меҳанпарастӣ ва гирифтани касбу ҳунарҳо,  эҳтиром ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ андешаронӣ карда, зикр намуд, ки бархе аз шаҳрвандон, алалхусус ҷавонони мо фирефтаи  гурӯҳҳои ифротӣ шуда,  ояндаи худ ва наздиконашонро дар хатар мегузоранд.

Моро месазад  бо шукргузорӣ аз сиёсати дурандешонаи  Пешвои миллат, ки имрӯзҳо  мо  дар фазои  сулҳу суботи кишвар, муҷаҳҳаз бо шароитҳои хубу  замонавӣ дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа  кору фаъолият дорем, даст ба дасти ҳам дода, дар рушду нумуи Ватани азизамон саҳмгузорӣ кунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg