ПАНҶ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо ҳайати омӯзгорони муассисаи таълимии №11-и ноҳия хонишини сиёсӣ доир гардид.
Баромадкунандагони хониши сиёсӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳия ва намояндагони ҷамоати деҳоти Озодагон буда, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ - вобаста ба мавзӯъи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм ва огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар кишвар мамнӯъ ва мубориза бар зидди онҳо андешаронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистии дар кишвар мамнӯъ «Ал-қоида», ДИИШ, «Толибон», «Салафия», ҲНИ, «Анҷумани озодандешон», «Гурӯҳи -24» , «Паймони миллӣ» ва амсоли онҳо, ки бо иғвогарӣ, дассисабозӣ ва ноором кардани вазъи кишварҳои дунё машғуланд, қайд гардид.
Баъдан, оид ба аз байн бурдани хурофоти динӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти аҳли ҷомеа баромади намояндаи ҷамоати деҳоти Озодагон Назаралиев Зикрулло шунида шуд.