ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Азизова Сабоҳат дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин ҳадафҳои барномавии он, Соли тақвияти робита бо маҳал, сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистону вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ, роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуд.
Пас аз суханрониҳои судманд Сабоҳат Азизова ва дигар шахсони даъватӣ аз чорабинии фарҳангӣ- намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки аҳли заҳмати деҳа ҳунарҳои хешро ба маърази тамомшо гузошта буданд, дидан намуда, барои боз ҳам рушду равнақ додани анъанаҳои неки ниёгон, ҷалби шахсони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ ва аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи камбизоативу бекорӣ тавсияҳои судманд доданд.