БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳизби роҳнамои шаҳрвандон ба ояндаи дурахшони Ватан

МӮЪМИНОБОД.  Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Ғарабдараи ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо сокинони деҳа  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Рамазон Ҳайдаров  ва раиси ҷамоати деҳоти Балхобӣ Холова Лутфия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Рамазон Ҳайдаров дар назди ҷамъомадагон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  озмунҳои ҳизбӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизби таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»,  сафарбар кардани ҷавонони синни даъвати ба  хизмати Ватан-Модар баҳри ҳифзи  марзу буми кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои  сироятӣ,  рушди анъанаҳои неки ниёгон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хонаба хотири паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ, мубориза бар зидди коррупсия, терроризму экстремизм, пешгирии шаҳрвандон аз гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, саҳм гузоштан дар  корҳои ободониву созандагӣ дар партави Аксияву  озмунҳои ҳизбӣ ҷиҳати боз ҳам пешрафтаву зеботар гардидани  Ватани азизамон –Тоҷикистон андешаронӣ намуда,  ҷамъомадагонро барои дар амал татбиқ намудани сиёсадти хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg