БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунармандон руҳу илҳоми тоза бахшид

ТЕМУРМАЛИК. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ яке аз устоҳои номдору моҳир ва чирадасти ноҳия Имом Каримов дар ҳавлии истиқоматиаш бинои  Маркази ҳунарҳои мардумӣ ва  дӯкони  Табақтарошӣро сохта ба истифода дод.

Дар маросими кушодашавии  Маркази ҳунарҳои мардумӣ ва дӯкони Табақтарошӣ, раиси ноҳияи Темурмалик Аслзода Эмомидин Муҳриддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид  ва зиёда аз 80 нафар фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок доштанд.

Зимнан Аслзода Эмомидин Муҳриддин  маросими кушодашавии дӯкону марказро  ба ҳамагон табрику муборакбод гуфта, ба кору фаъолияти устои   моҳир  Имом Каримов  барору комёбӣ таманно намуд.

Инчунин, Маҳмадсаид Раҷабозода дар назди ҷамъомадагон оид ба сиёсати дохиливу хориҷии  давлату Ҳукумат,  дастовардҳои  бузурги Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  инчунин Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда, барои сайқал додани касбу ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзонидани  он ба насли наврасу ҷавон  раҳнамоӣ кард.  

Баъдан  вакилони ноҳиявӣ ва вакилони  ҷамоати  шаҳраки Совет  Толибов Ғоибулло  ва Икромов  Суҳроб  оид ба масъалаҳои зикргардида мулоҳизаронӣ  карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg