БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷалб намудани ҷавонон дар корҳои ободонӣ ва суботу оромии Ватан

КУШОНИЁН. Гурӯҳи  кории  вакилони  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Кушониён  дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия  оид  ба   дастовардҳои 27- соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза бо  қишрҳои  гуногуни  ҷомеа, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  мулоқоту  вохӯриҳо  баргузор  намуданд.

Дар  толори маҷлисгоҳи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён  оид ба  масъалаҳои  мазкур  Ҷобирзода Тоҳир Гул  вакили Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Кӯшониён- 27”, раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Кӯшониён  Сатторова  Мунавара   корҳои  фаҳмондадиҳиро  роҳандозӣ  карданд.

Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки саҳми мо дар роҳи таҳкими дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ин пеш аз ҳама ватандӯстӣ, ҳимояи шаъну шарафи давлат, фаъолнокӣ дар корҳои ҷамъиятӣ, тарбияи дурусти фарзандон, асолатмандӣ, дурӣ аз тақлиду бегонапарастӣ, анҷом додани амалҳои бунёдкорона ва амсоли инҳо мебошанд

Иштирокчиёни вохӯрӣ  ба суолҳои худ аз вакилон ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg