
КӮЛОБ. Бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ "Созагндагони Ватан" дар шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Об барои рушди устувор" дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузаронида шуд.
Зимни баргузории Аксияи мазкур аъзои намояндагии ТҶҶ "Созагндагони Ватан" дар шаҳри Кӯлоб миёни донишҷӯён ва омӯзгорон армуғонҳои таблиғотиро ҷиҳати тарғибу дастгирии ташаббуси беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об тақсим ва дастрас намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки минбаъд низ намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб ин иқдомро идома дода, чунин чорабиниҳоро дар ҷомеа бештар роҳандозӣ менамояд.