БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизмати ҳарбӣ ин мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили нигоҳдории сулҳу субот ва амнияти кишвар аст!

ПАНҶ. Чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бо намоиши ҳунарҳои миллӣ вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи ба номи Имом Машрабови  ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳия бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия роҳандозӣ гардид.

Ташкилкунандагони чорабинӣ сокинони маҳал, аъзо ва ҷонибдорони  ҳизб буда, масъулон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-оид ба моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати Ватан-Модар суханронӣ намуданд.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Файзиев Каримҷон  зимни суханронӣ қайд намуд, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад ва ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан  оғоз меёбаду ин амал рисолати ҷавонмардӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт ҷомеаро лозим  аст, ки сатҳи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстиро миёни ҷавонон пурзӯр намояд.

Дар идома вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Носиров Ёғибек зимни суханронӣ оид ба  ваҳдату сулҳу суботи кишвар, ки яке аз дастовардҳои нодиртарини Истиқлолияти Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи дохиливу хориҷи кишвар  андешаронӣ намуд. Дар баробари тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, инчунин оид ба  иқрори Аёмиддин Сатторов, дар бораи амалҳои террористиву экстремистии ТТЭ ҲНИ андеша карда, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки зери сиёсати Пешвои миллат муттаҳид шуда, дар ободиву шукуфоии Ватан саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg