БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби озмунҳои ҳизбӣ дар маҳал

Ш.ШОҲИН.  Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаҳои Дараи Эмом ва Учқули ҷамоати деҳоти Доғистон  баргузор гардида дар он атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барраси гардид.

Зимнан мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Неъматов Абдуҷаббор доир ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ  намуда,  моҳияти озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал», «Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Тарроҳи беҳтарин» ва «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумиро ба дарки ҷомеа расонид.  

Инчунин, дар охир масъулин  ҷамъомадагонро барои  сазовору  бо дастовардҳои баланду назаррас истиқбол гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъбасти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg