ХОВАЛИНГ. Мутобиқ ба ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва суҳбату вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
ҲАМАДОНӢ. Дар деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Чубек чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт, муовини раиси ноҳия Тағоймуродзода Санифа ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Давлат Ғаффорзода баргузор гардид.
ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии «Осоишгоҳи Насим» вохӯрии навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров бо ҳизбиёни ин ташкилот гузаронида шуд.
ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади ҳарчи бештар тақвият бахшидани робита бо маҳал бобати баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Чилчаи ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид бо сокинон баргузор гардид.
ПАНҶ. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба иҷрои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо иштироки оммаи васеъи маҳаллаи Сармантой 2-и ҷамоати деҳоти Озодагон мулоқот бо сокинон роҳандозӣ гардид.
КУШОНИЁН. Бо сокинони деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти навбаҳор бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва кормандони Кумитаи иҷроия вохӯрӣ гузаронида шуд.
Н.ХУСРАВ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар маҳаллаи 20- солагии Истиқлолияти ҷамоати деҳоти Фирӯза бо мақсади самаранок ҷамъбаст намудани Соли тақвияти робита бо маҳал бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Боғи Ҳабиби ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо сокинони деҳаи мазкур тибқи ҷадвали баргузории мулоқот бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
КУШОНИЁН. Дар ноҳияи Кушониён гурӯҳи кории вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза бо қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд.
КӮЛОБ. Дар маҳаллаи Фирдавсии шаҳри Кӯлоб вобаста ба ҷадвали баргузории чорабиниҳо намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева иштирок ва суханронӣ намуданд.
АЁДАТИ ИШНАЗАРОВА ЛОЛАХОН СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hhdtkhatlon.tj
viloyat@hhdtkhatlon.tj
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12