БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Чорабиниҳо дар доираи Соли тақвияти робита бо маҳал

ҲАМАДОНӢ.  Дар деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Чубек чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт, муовини раиси ноҳия Тағоймуродзода Санифа ва раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Мир Сайид Алии  Ҳамадонӣ Давлат  Ғаффорзода баргузор гардид.

Сараввал меҳмонон аз маҳсули дасти ҳунармандони деҳаи Ҳаёти нав дидан намуда,  баъдан вакили мардумӣ дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат,  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷамъомадагон суҳбат намуд. Одинаев Ҳаёт фармони Президенти кишварро дар бораи зиёд намудани музди маоши кормандони соҳаи буҷавӣ ва нафақа шарҳу тавзеҳ дод.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлат Ғаффорзода дар бораи соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ, дар амал татбиқ намудани интизориҳои  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сафарбар кардани сокинони маҳал ба корҳои бунёдкорию созандагӣ  суханрони кард.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроия ба ҷамъомадагон маводҳои ташвиқотию таблиғотии ҳизбиро  дастрас намуданд.

Инчунин, Давлат Ғаффорзода ба 4 нафар аъзои фаъоли ҲХДТ барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои сиёсӣ – фарҳангии ҳизбӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Сипосномаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияро дар вазъияти тантнавӣ тақдим намуд.

Дар охири ҷамъомад ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов хотири ҷамъомадагонро бо сурудҳои ватандӯстонаи  худ шод гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg