ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади ҳарчи бештар тақвият бахшидани робита бо маҳал бобати баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Чилчаи ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид бо сокинон баргузор гардид.
Зимни хониши сиёсӣ масъулин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштирок ва ҳамкории бевоситаи вакилони ҷамоати номбурда гузаронида шуд.
Доир ба суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид вакилони ҷамоат, сокинони деҳаи Чилча Сайфуллоев. М ва Давлатов Ҳамроҳ андешаҳои худро баён карда, иброз доштанд, ки чунин вохӯриву мулоқот ҳои судманд пайваста доир карда шаванд.
Сипас, бо иштирок ва фарогирии зиёда аз 120 нафар ҳунармандону кишоварзони моҳири маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастони кишоварзон ташкил карда шуд.
Зимни баргузории намоиш сокинони деҳаи Чилча дастовардҳои ҳунарии худ ва маҳсулоти кишоварзиро ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар охири мулоқот Раҷабзода Маҳмадсаид ва раиси ҷамоати деҳоти номбурда Асомуродов Қурбоншоҳ ба аъзои нави ҲХДТ дар вазъияти тантанавӣ билетҳои ҳизбиро супориданд.