БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ- посдории асолати фарҳанги ниёгон мебошад

ПАНҶ. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба иҷрои  нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  бо иштироки оммаи васеъи маҳаллаи Сармантой 2-и ҷамоати деҳоти Озодагон мулоқот бо сокинон  роҳандозӣ гардид.

Мардуми маҳалла баргузории чунин чорабиниро бо хушнудӣ пазируфта, ҳамаҷониба барои роҳандозии он кӯшишу ғайрат намуданд. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ маҳал аз кашидадӯзиҳо, маҳсулоти оҳангарӣ, кандакорӣ, чӯбтарошӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва намудҳои гуногуни хӯрокҳои миллии сокинонро ташкил медод.

Ҳамчунин, гӯшаи нигораҳои таърихии ноҳия низ ташкил карда шуда буд. Меҳмонон, ки ба ҳайати онҳо масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳия, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия, намояндагони ҷамоати Озодагон ва вакилони ҳизбӣ  шомил буданд, аз намоиши маҳсулотҳо дидан намуда, баҳои баланд доданд.

Дар ҷараёни  вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон дар баромадаш атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, махсусан аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо мақсади  солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа андешаронӣ намуда, афзуд, ки ҳар қадар маънавиёти ҷомеа солим бошад, ҳамон андоза давлат ба пешравию муваффақиятҳои ноил мегардад. Айни замон гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба ифротисозиву заҳролудшавии маънавиёти мардум машғуланд. Ҷомеаро лозим аст, ки  ҷиҳати пешгирӣ аз таассубу хурофоти динӣ дар роҳи расидан ба шароити арзандаи зиндагӣ бо роҳи ваҳдату сулҳу субот  ва меҳнати софдилона анҷом додани амалҳои хайр ва неку созандаро шиори худ намоянд.

Дар охир, яке аз занони ҳунарманд Сатторова Муяссара, ки бо дӯхтани куртаҳои миллии чакану болишту девориҳои гулдӯзӣ машҳур аст, баромад карда, аз  эълон гардидани  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ миннатдории худро ба давлату ҳукумат баён намуд. Ҳамчунин, тасмим гирифтааст, ки барои идома ва рушд додани ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҷавондухтарони маҳалро ба ин шуғл фарогир намояд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо баромади ҳунармандони хонаи маданияти ҷамоати деҳоти Озодагон ва рақсу бозии мардуми маҳал ба анҷом расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg