БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият пурарзиштарин дастовард барои давлату миллат

КУШОНИЁН. Дар  ноҳияи  Кушониён гурӯҳи  кории  вакилони  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Кушониён  дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия  оид  ба   дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза бо  қишрҳои  гуногуни  ҷомеа  мулоқоту  вохӯриҳо  баргузор  намуда  истодаанд.

Дар  Кохи фарҳангии   ҷамоати  шаҳраки  Исмоили Сомонӣ  оид ба  масъалаҳои  мазкур  Ҷобирзода Тоҳир Гул   вакили Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Кушониён 27, вакилони  Маҷлиси  вакилони  халқи  ноҳия  Сатторова  Мунавара    раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Кушониён  ва  дигарон  бо  иштироки  раисони  маҳалла,  имомхатибон,  сарварони  муассисаҳои таълимӣ    ва  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  бо  сокинон  суҳбат намуда,  корҳои  фаҳмондадиҳиро  роҳандозӣ  карда истодаанд.

Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки саҳми мо дар роҳи таҳкими дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ин пеш аз ҳама ватандӯстӣ, ҳимояи шаъну шарафи давлат, фаъолнокӣ дар корҳои ҷамъиятӣ, тарбияи дурусти фарзандон, асолатмандӣ, дурӣ аз тақлиду бегонапарастӣ, анҷом додани амалҳои бунёдкорона ва амсоли инҳо мебошанд.

Айни замон, ки аз 27- солагии  Истиқлолияти давлатӣ  истиқбол гирифтем бояд дар ҳифзи он бештар кӯшиш намоем. Иштирокчиёни вохӯрӣ  ба суолҳои худ аз вакилон ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg