БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Заҳмату кору ҳунар касро намояд номдор…

КӮЛОБ. Дар маҳаллаи Фирдавсии шаҳри Кӯлоб вобаста ба ҷадвали баргузории чорабиниҳо намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева иштирок ва суханронӣ намуданд.

Валиева Саъбагул баромад карда, иброз дошт, ки миллати сарбаланди тоҷик аз азал бо расму оин ва урфу одатҳои қадимаи худ миёни дигар халқиятҳо ҷойгоҳи махсуси худро пайдо намуда, бо офаридаҳову  ҳунарҳои бемислаш тавонистааст дар ҷаҳони мутамаддин мавқеи намоёнро ишғол намояд.

Ба хотири муаррифӣ намудан ва тақвият бахшидани ҳунарҳои қадимаи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.

Дар ин баробар Пешвои миллат дастур доданд, ки ҳар як нафаре, ки дар муҳити хона ба ҳунару ҳунармандӣ машғул мегардад, аз пардохт намудани андоз озод карда шавад, ки ин нишонаи  сиёсати ғамхоронаи роҳбарияти давлат нисбати ашхоси ҳунарманд мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg