БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Накунад оқил чунин коре, ки боз орад пушаймонӣ

ХОВАЛИНГ. Мутобиқ ба ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва суҳбату вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар назди ҳозирин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар Хоҷа оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баромад намуда, муҳтавои самтҳои мазкурро ба таври муфассал фаҳмонид.

Ҳозирин аз баромад дар бораи хатарҳои рӯз то рӯз афзояндаи терроризм ва экстремизм, роҳҳои мубориза бар зидди он, зарурат ва аҳамияти истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ, саривақт пардохт намудани маблағи нерӯи барқи истифодашуда, ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар ҷумҳурӣ мамнӯъ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо, зарар ва оқибати нашъамандию нашъаҷалобӣ, истифодаи ғайримақсаднок аз телефонҳои мобилӣ ва технологияи муосир, шабакаҳои иҷтимоӣ,  тақлид ва пайравӣ ба урфу одат ва фарҳанги бегона, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.

Баъди баромади Халилзода Сафар Хоҷа раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии

Х.Яъқубов баромад намуда, қайд кард, ки оқибати ҳар як амали бад пушаймонист.  Он одамоне, ки аз  пулу моли сармоягузорони хориҷӣ, охундҳои Эрон  дар ивази ташкили амалҳои террористӣ киса пур менамуданд, оқибат пушаймон шуда, дар назди халқ узр мепурсанд. Чи тавре мушоҳида шуд, чанде аз онҳо ба мисли Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, Айёмиддин Сатторов  аз карда пушаймон шуда, аз тариқи садо ва симо барои амалҳои душманонаи худ  аз мардуми кишвар узр пурсиданд. Онҳое, ки дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Данғара даст ба амали террористӣ  задаанд, аз кардаи худ пушаймонанд. Зеро мардум беҳуда нафармудааст, ки дар дунё ҳама кори бад пушаймонӣ дорад. Аз ҳамин рӯ, ба ҳамагон муроҷиат карда гуфтаниям, кореро накунанд, ки  оқибати он ба пушаймонӣ анҷомад.

Дар фарҷоми хониши сиёсӣ аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳама гуна амалҳои террористӣ ва ҳодисаи мудҳиш ва нангини аз тарафи террористон ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидани сайёҳони хориҷиро дар роҳи бозгашт ба шаҳри Душанбе қотеъона маҳкум намуда, омодагии хешро дар мубориза ба ваҳшоният -терроризму экстремизм  иброз доштанд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg