ВОКУНИШ. Мардуми Тоҷикистони маҳбубамон чанде пеш ҷашни пуршукуҳи миллати тоҷик 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистонро бо сарварии абармарди замони Истиқлолият Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил намудем, ки боиси ифтихори хурду бузурги тоҷику Тоҷикистони аст.
Вале имруз аз ҷониби бархе душманони миллати тоҷик, ки пешрави ва осудаҳолии мардуми сарбаланди Точикистонро намехоҳанд суханони ноҷо ва фирефтакунандаву гумроҳсозандаро пахш карда истодаанд ва инҳо фикр мекунанд, ки муввафақ мешаванд аз он бехабаранд, ки барои худашон чоҳ канда истодаанд. Ин бешарафон бо роҳбарии раиси ХНИ-и террористӣ Муҳидин Кабири, имруз ба ҳамон найрангиҳои худ барои маблағи муфт гирифтан чунин кирдору амалҳои нобахшиданиро иҷро карда истодаанд.
Вале фаромуш набояд кард, ки тамоми мардуми Тоҷикистон хурду бузург ин амалҳои нопоки онҳоро маҳкум карда хеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт намегузорад, ки ин амалҳои хоинонаи онҳо фазои софу беғуборӣ Ватанамонро халалдор созад.
Мардуми Тоҷикистони азиз бо муттаҳиди ва якмаромиву якдили зери сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Истиқлоли миллиро ба мардум овардааст ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин намудааст сарҷамъ шуда бо нияти созандаву некбинона фаъолияти хешро идома медиҳанд.
Ин сагҳое, ки аз дури бо хоҷагони хеш ва зархаридҳои худ мардуми Тоҷикистонро таънаву маломат мезананд аз он бехабаранд, ки мардуми тоҷик ватан, модар, замини зархез, оби мусаффо, ки ҷаҳон аз ин ифтихор дорад ва Пешвои миллат доранд, ки аз ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз наметарсанд ва аз ҳеҷ чиз ҳаросе надоранд ва танҳо мегуянд, ки ин сагҳои палид несту нобуд гарданд ва дар назди қонун ҷавоб гуянд.
Ин амалҳои нопоки кардаи сагҳои палидро ҷомеаи ҷаҳони низ маҳкум мекунанд. Вой бар ҳоли шумо сагҳои палиди аъзои ТЭТ ҲНИ.
Гадой Сайдали, вакили маҷлиси вакилони ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ