БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Гулҳои Ватан дар нақши чакан

ҲАМАДОНӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва Фирўз Пиров бо аҳолии деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул  Турдиев вохӯрӣ гузарониданд.

Зимнан Гадоӣ Сайдалиев дар бораи  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байнамилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Соли тақвияти робита бо маҳал баромад намуда, моҳияти Асксияи тарғиботӣ-амалии ҳазбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба иштирокдрон фаҳмонида, онҳоро ба корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ даъват намуд.

Баъдан  масъулин пас аз суханронӣ  аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки  дар ҳунари волои онҳо  гулҳои Ватан дар  нақши чакан инъикос ёфта, аз анъанаҳои неки ниёгон  дарак медиҳанд,  ба намоишгоҳ ҳусни зебогиву рангорангӣ зам намуда буданд, дидан карда,  ба ҳунармандони чирадасту муъҷизаофар барои боз ҳам рушд додани ҳунару ҳунармандӣ дар маҳал  тавсияҳои  судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg