БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалисозии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Утақара Назаров”-и ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он андешаронӣ карда, зикр намуд, ки ҲХДТ таҳти роҳбарии Раиси муаззами он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар ҳаёт татбтиқ намудани орзуву омоли халқ фаъолона талош варзида истодааст.

Ҳамчунин доир ба суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 16 феврали соли 2018 сухан намуда, қайд кард, ки ҲХДТ -ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва нерӯи созандаву муттаҳидсози ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии кишвар дар ин самт салоҳият ва мартабаи баланд доштанашро нишон дода истодааст.

Инчунин, мавсуф  оид ба ҳодисаи нангине , ки санаи 29-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваст, яъне  ҷавононе, ки ба гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ ҳамла намуда, боиси марги 4 нафари онҳо гардиданд, сухан намуда, ба иштирокчиён фаҳмонид, ки ин амали гурӯҳи террористоне мебошанд, ки фирефтаи хоҷагони зархарид гардида,  ҳоло ҳам мехоҳанд, ки Тоҷикистони ободу хуррамро ҳамчун макони осебпазир ба ҷаҳониён нишон диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg