БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Миллати тоҷик соҳибфарҳаг ва тамаддунофар аст

ЛЕВАКАНТ. Дар асоси накша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Наврӯз» чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ ва тарбиявӣ вобаста ба Соли тақвияти робита бо маҳал бо як ҳисси баланди миллӣ баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар оғоз карда, иброз дошт, ки Тоҷикистон хонаи обод, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан мебошад.

Бояд тазакур дод, ки рӯз то рӯз баланд гардидани эътибору  нуфузи Ватани азизамон дар арсаи байналхалқӣ ин худ гувоҳи хирадмандонаву созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯзҳо давлати тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ мавқеъю  эътибори баландро соҳиб гаштааст.   

Вазифаи  авалиндараҷаи мо шаҳрвандон аст, ки ба роҳи дуруст ҳидоят намудани ҷавонон ва гирифтани пеши роҳи бегонапарастию гаравидани фарзадонамонро ба созмону ҳаракатҳои  ифротию террористӣ, бо истифода аз усулҳои муосири кор бо табақаҳои иҷтимоӣ, боз ҳам пурзӯр намудани ҷалби нерӯи ҷавонон, ба равандҳои  созандагию бунёдкорӣ ва ихтиёрӣ хизмат намудан дар сафи Қувваҳои муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.

Дар охири чорабинӣ ба фаъолон  ва аъзои ҲХДТ  барои саҳми босазо гузоштан дар амалигардонии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ   бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант сарфароз гардонида шуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg