БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хонишҳои сиёсӣ ҷиҳати ташаккули фарҳангии сиёсии ҷомеа

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нақлиёти минтақа» бо аъзо ва чонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нақлиёти минтақа» Нуруллоев Баҳрулло иштирок ва баромад карданд.

Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоӣ Нуруллоев Баҳрулло меҳмононро ба иштирокчиён шинос намуда, қайд кард, ки барои баланд бардоштани сатҳи фаҳмиши сиёсии мо роҳандозии ин хониши сиёсӣ мусоидат менамояд.

Фирӯзи Саидмӯъмин изҳор дошт, ки  сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мардуми моро барои корҳои созандагию бунёдкорӣ иттифоқиву сарҷамъӣ ва инчунин, расидан ба ҳадафҳои бузурги стратегӣ роҳнамоӣ мекунад.

Дар ин росто аҳли ҷомеа ва кормандони соҳаҳои мухталиф муваззафанд, ки барои оромии Ватани азизамон ва пойдории сулҳу субот, инчунин сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои бузурги дар пешистода, аз ҷумла 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg