БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ДАР ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ МО САРФАКОРЕМ

ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани зарурат ва аҳамияти истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва роҳҳои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар деҳаҳои Шехмизон ва Ҷомбахти  Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт ба тариқи “хона ба хона” суҳбат доир намуданд.

АЗ COVID - 19 ЭҲТИЁТ БОШЕД!

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣӣ бо волонтёрон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  оид ба пешгирии паҳншавии эпидемияи нави коронавируси (COVID – 19) ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар Ҷамоати шаҳраки Фархор дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат боигарии давлат” бо усули “хона ба хона” гардиш доир намуданд.

ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

КӮШОНИЁН. Ба хотири бештар иттилоотонии мардум  ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, муқовимат бо пандемияи коронавирус, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  сокинону фаъолони Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён   вохӯрии судманд анҷом дод.

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲО АСТ

ЁВОН. Тайи чанд рӯз аст, ки дар ноҳияи Ёвон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи “Ёвон-29” Азимзода Толибхон Ситамурод бо интихобкунандагон баргузор гардида истодааст.

ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ НЕРУИ БАРҚ БУҶАИ ОИЛАРО ҒАНӢ МЕГАРДОНАД

ВОСЕЪ. Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29-и деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов  бо фаъолони деҳа омӯзгорон  доир гардид.

ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН СУДМАНД АНҶОМ ЁФТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар Ҷамоатҳои деҳоти Калинин ва Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.

МУЛОҚОТИ ВАКИЛОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Н.ХУСРАВ. Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Файзуллозода Зафар ва Холбойзода  Неъматулло   дар  қасри  фарҳанги  ноҳияи Носири Хусрав  бо  интихобкунандагони  Ҷамоати деҳоти  Фирӯза   баргузор  гардид.

ДАР ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ САРФАКОР БОШ!

ХОВАЛИНГ.  Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб ҳамарӯза бо усули “хона ба хона” ба мардум дар бораи истифодаи сарфакоронаи неруи барқ суҳбат доир менамоянд.

САРФАКОРОНА ИСТИФОДА НАМУДАНИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТ АСТ

ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба сарфаю сариштакорона истифода намудани қувваи барқ  суҳбат доир намуданд.

САЛОМАТИИ ҲАР КАС ДАР ДАСТИ ХУДИ ӮСТ

ХОВАЛИНГ. Суҳбати бо занони хонанишин доирнамудаи мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Сатторов, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 доир намуд,  оид ба ба муқовимат ба пандемияи коронавирус буд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg