БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО СОКИНОН СУДМАНД ДОИР ГАРДИД

НОРАК. Дар шаҳри Норак вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия бо сокинони ҳудуди минтақаҳои манзилии шаҳр вохӯрӣ доир намуд.

Вохӯриро раиси Кумитаи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода кушода,  оид ба    ба  сарфакорона истифода намудани қувваи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, истифодаи сӯзишвориҳои табиӣ, муқовимат бо пандемияи коронавирус баромад намуд.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ қайд намуд, ки озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем.

Дар фарҷом аз мардум даъват ба амал оварда шуд, ки дар сарфакорона истифода намудани қувваи барқ ва самаранок истифода намудани заминҳои кишт махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ бетараф набошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg