БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАКОРӢ ПЕШАИ МОСТ!

ХУРОСОН. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар Ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрзода Гулбаҳор ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Саидзода Раҳмон бо сокинон баргузор гардид.

Дар суҳбат  вакили мардумӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, пешгирии талафоти қувваи барқ ва истифодаи сӯзишвории табиӣ суханронӣ карда,  сокинонро  ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ даъват кард. Инчунин, дар ин раванд дар бораи  масъалаҳои мубрами рӯз, раиси Кумитаи иҷрои Саидзода Раҳмон оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемории сироятии  коронавирус, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, сайқал додани  корҳои ҳунармандӣ, саҳм гузоштан дар рушту ободии Ватан дар ҳошияи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  ва моҳияти озмуни ҳизбӣ таҳти унвони “Беҳтарин сарфакори барқ” суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро барои  татбиқи  Аксияи ҳизбии мазкур  ҳидоят намуд.  Дар  охир вакили мардумӣ ба суолу  дархостҳои  интихобкунандагон посухҳои саҳеҳ гардонид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg