ҚУБОДИЁН. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бо аҳолии Ҷамоати шаҳраки Қубодиён ва Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар ва Холбойзода Неъмат, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо интихобкунандагон доир гардид.
Пас аз муаррифии вакилони мардумӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар ва Холбойзода Неъмат оид ба муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик» вобаста ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди неруи барқ, пардохти қарзи истифодаи он, тадбирҳо баҳри беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода, гузаштан ба дигар намуди алтернативии сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, ҳезум, брикет, гази моеъ ва атрофи дигар масъалаҳои муҳими рӯз баромад намуда, аз интихобкунандагон барои саҳм гузоштан дар таттбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини зиндагии шоиста даъват ба амал оварданд.