ЛЕВАКАНТ. Вохӯрии навбатии гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар бозори марказии шаҳр доир гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроия дар ҷойҳои серодами назди бозор ва дигар нуқтаҳои маркази савдо беш аз 100 адад варақаҳои иттилооитӣ оид ба коронавирусро ба сокинон тақсим ва дар ҷойҳои намоён насб намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷойҳои серодами назди бозор хангоми вохӯриҳо бо сокинон иброз доштанд, ки, ҳангоми аз хона баромадан ё ба бозор рафтан аз ниқобоҳои муҳофизати истифода намоянд ва ба одамон аз масофаи ду қадам дур шифоҳӣ салом диҳанд.
Ҳамзамон, масъулини Кумитаи иҷроия зимни суханронӣ, дар мавзӯъҳои истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, озмуни ҳизбии “Беҳтарин сарфакори барқ”, татбиқи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”, аз ҷумла сангфаршкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳо, сохтмони марказҳои ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ якҷо бо утоқи раиси Кумитаи маҳалла, азнавсозии иншооти гигиенӣ ва ғайраҳо баромад намуданд.